Фаъолони қазоқтабор Акикат Халиолла, Нурзат Ермекбой ва Холида Акитхон, ки баъди таҷаммуъ дар назди консулгарии Чин дар шаҳри Алматои Қазоқистон дастгир гашта буданд, ҷарима шудаанд.
Дар ин бора худи фаъолон ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ 6 декабр хабар додаанд. Тибқи қарори додгоҳ, Халиолла 153 ҳазор ($ 326), Ермекбой 92 ҳазор ($ 196) ва Акитхон 61 ҳазор тангаи қазоқӣ ($ 130) ҷарима месупоранд.
Яке аз иштирокчиёни дигари таҷаммуъ Шинадил Жанбирбой расман огоҳӣ гирифтааст.
Пулиси Алмато 5 декабр чаҳор фаъоли маданиеро, ки раҳоии наздикони худро аз боздоштгоҳҳои минтақаи Шинҷони Чин талаб мекарданд, боздошт кард. Фаъолон дар наздикии консулгарии Чин дар Алмаато, ки мехостанд талабҳои худро онҷо баён кунанд, дастгир шуданд.
Иқдоми қазоқтаборон пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато 667 рӯз шуруъ шуда буд ва дар давоми ин муддат масъулони намояндагии дипломатии он кишвар боре ба назди онҳо набаромадаанд.
Бархе аз таҷаммуъгарон мегӯянд, пайвандони онҳоро дар Чин дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд". Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.