Таҳқиқи марги ду нафар дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Ӯши ин кишвар шуруъ шудааст. Дар ин бора Сироҷиддин Камолидинов, сухангӯи Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҷасади ин ду мардро шаби 4 декабр дар ҳоҷатхонаи боздоштгоҳ овезон пайдо кардаанд.
“Маводҳо дар бораи кормандони Хадамоти иҷрои ҷазо ҷамъоварӣ ва тафтишот оғоз шудааст. Ташхис дар бадани ҳалокшудаҳо чизеро ошкор накард. Ташхиси судӣ-тиббӣ ҳам гузаронида мешавад”, - афзуд Камолидинов.
Расонаҳои Қирғизистон пештар хабар доданд, ки ҷасади ду марди гумонбар дар таҷовузи духтари 14-соларо дар боздоштгоҳи муваққатии Ӯш овезон пайдо карданд.