Қарори бастани сомонаи қирғизии Радиои Озодӣ дар Қирғизистон ва он ҳам дар пайванд ба бозтоби даргирӣ дар сарҳад вокунишҳоеро дар Тоҷикистон ба бор овардааст. Баъзе аз хабарнигорони тоҷик рафтори мақомоти кишвари ҳамсояро "маҳдуд кардани озодии баён ва рӯзноманигории ботавозун" номиданд.