Баъзе аз муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, пас аз ҳодисаи Белгород шаҳрвандони Тоҷикистон зери заррабин қарор гирифтаанд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 15-уми октябр рӯй доду 11 кушта ва 15 захмӣ барҷой гузошт, номи ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун ҳамлагар расонаӣ шудааст.