Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки то охири имсол 75 миллион ва дар баҳори соли оянда 125 миллион дарахт дар кишвараш шинонида шавад. Ӯ "40 рӯзи зарбдор" барои дарахтшинонӣ эълом кардааст.
Хабаргузории "Gazeta.uz" иттилоъ додааст, ки Мирзиёев дастур дод, дар доираи лоиҳаи миллии "Яшил Макон" 75 миллион дарахти мевадиҳандаву ороишӣ ва дар баҳори соли оянда 125 миллион ниҳоли дигар шинонида шавад. Ӯ аз рӯи таҷриба, аз 20 октябр то 1 декабри имсол "40 рӯзи зарбдор"-и дарахтшинонӣ эълом кардааст.
"Дарахтон бояд самимона шинонда шаванд ва дарахтшинонӣ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги халқи мо, маҳаллаҳои мо гардад", - гуфт Мирзиёев.
Президенти Узбекистон дастур додааст, ки баҳори соли оянда ба 500 ҳазор хонаводаи камбизоат 10-дарахтӣ ҷудо кунанд.
Мирзиёев моҳи апрели имсол гуфта буд, ки дар баъзе аз ноҳияҳои Узбекистон маъракаи дарахтшинонӣ "барои намоиш ташкил карда шуда ва ҳоло ин намоишҳо идома доранд".