Ҷанҷоли марзии Тоҷикистону Қирғизистонро дар моҳи сентябри имсол, ки аз ду тараф даҳҳо кушта бар ҷой гузошт, дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо баҳс карданд. Нишаст бахше аз ҷаласаи арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава буд ва рӯзи 4-уми октябр баргузор шуд.