Дар эътирозҳои давомдори Эрон дасти кам 133 кас кушта шудааст. Бештар аз 40 тани онҳо дар шаҳри Зоҳидон кушта шудаанд. Пулиси Зоҳидон сӯи эътирозгароне оташ кушод, ки баъди "таҷовузи духтари 15-сола аз сӯи сардори пулис" ба кӯча баромада буданд.
Дар ин бора созмони ҳомии ҳуқуқи Iran Human Rights хабар медиҳад.
Бино ба хабари Би-би-сӣ, Баҳора Ҳидоят, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсонро рӯзи 3-юми октябр дар Эрон боздошт кардаанд. Ӯ зиндонии пешини сиёсист. То кунун чанд дафъа дастгир ва ҳабс шудааст.
Рӯзи 2-юми октябр фаъоли собиқи донишҷӯён, Ҳусейн Маъсумӣ, низ дастгир шуд. Аъзои оилааш гуфтанд, ҷойи нигаҳдории ӯро намедонанд.
Дар Эрон 17 рӯз боз эътирози мардум идома дорад. Мақомот низ дар ин муддат боздошту ҳабси фаъолонро бештар кардаанд.
Маъмурияти Донишгоҳи Шариф, яке аз муассисаҳои бонуфузи Эрон ва макони дигарандешӣ, субҳи 3-юми октябр, баъди муноқишаи миёни донишомӯзону нерӯҳои амниятӣ дарсро таътил карданд.
Эътирозҳо дар Эрон пас аз марги марги духтари ҷавоне ба дасти пулис сар шуд. Маҳсо Аминии 22-сола ба гумони “бадҳиҷобӣ” дар Теҳрон боздошт шуд ва дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфту ҷон дод.