Дар Тоҷикистон ба мероси сиёсии Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, назарҳои ба ҳам зид доранд. Бархе ӯро “симои бузурги таърихи ҷаҳон” медонанд, иддае мегӯянд, "бо сиёсатҳои ғалат” сабаби фурӯпошии як давлати аз назари онҳо “раиятпарвар” ва сар задани ҷангу ноамниҳо шуд.