Раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии Русия Дмитрий Шугаев аз фурӯши муҷтамаи дувуми низоми мушакии С-400 ба Туркия хабар дод.
Шугаев дар ин бора дар ҷараёни ҳамоиши "Артиш-2022" дар шаҳри Москва иттилоъ дод. Ӯ дақиқ нагуфт, ки ин қарордод кай имзо шудааст, вале изҳор дошт, ки он қисман ба маҳаллисозии истеҳсоли муҷтамаъҳо дар Туркия рабт дорад.
Ба гуфтаи вай, "вазъи душвори сиёсӣ" ба "баъзе ҷанбаҳои ҳамкории дуҷонибаи Русия бо шариконаш таъсир гузоштааст", аммо ҳамкориҳои низомиву фаннии Русия бо Туркия идома доранд.
Туркия бори нахуст соли 2017 барои харидории С-400 бо Русия қарордодеро ба имзо расонда буд. Дар натиҷа ИМА моҳи декабри соли 2020 нисбати мақомоти мудофиаи Туркия барои харидории ин низоми мушакӣ таҳрим ҷорӣ кард.
Ҳанӯз миёнаҳои соли 2019 мақомоти ИМА гуфта буданд, ки харидории низоми мушакии С-400 аз сӯи Туркия барои ҳавопаймоҳои F-35-и амрикоӣ хатар эҷод мекунанд, зеро мушакҳои С-400 бо ҳавопаймоҳои F-35 мухолифат доранд.