Парвандаи ҷиноии марбут ба ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 дар Қирғизистон ба додгоҳ ирсол шуд.
Сергей Слесарев, вакили мудофеи президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев гуфт, нафари таҳти ҳимояи ӯро дар сӯистифода аз мақом айбдор мекунанд. "Дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 15-уми август ҷаласаи аввалини додгоҳӣ сурат мегирад",-гуфт вакили мудофеъ.
Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон моҳи апрели соли 2021 хабар дод, ки парвандаи ҳодисаҳои соли 2010 дубора баррасӣ мешавад.
Додситонии кулли Қирғизистон пештар хабар дод, ки ин бор 15 кас - мансабдорони пешин ва кунунии Қирғизистон, аз ҷумла президенти амалкунанда Содир Ҷабборов, раиси КДАМ Қамчибек Тошиев бозпурсӣ мешаванд.
Моҳи майи соли ҷорӣ додситонӣ се узви ҳукумати муваққати Қирғизистон - Кенешбек Дуйшобоев, Исмоил Иҳоқов ва Бектур Асановро огоҳ кард, ки дар "Сӯистифода аз мақоми хидматӣ" гумонбар мешаванд. Ҳар се узви ҳукумати муваққати Қирғизистон аз мунтақидони ҳукумати кунунӣ ҳастанд.
Даргирии байниқавмӣ дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон 10 июни соли 2010 байни қирғизҳо ва узбектаборон сар зад ва чанд рӯз давом кард. То он даргириҳо, дар моҳи апрели ҳамон сол дар натиҷаи инқилоби мардумӣ Ҳукумати муваққат рӯи кор омада буд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 466 кас кушта, қариб 2 ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин 57 кас дар он ҳодисаҳо бенишон шуда буданд, ки 19 нафарашон то кунун пайдо нагардидаанд.