Ҷунбиши Толибон мегӯяд, "иддаоҳо" дар бораи куштори раҳбари созмони Ал-Қоида Айман Завоҳириро таҳқиқ мекунад. Ҳафтаи равон Иёлоти Муттаҳида хабар дод, ки Завоҳирӣ дар пойтахти Афғонистон тавассути ҳавопаймои амрикоии бидуни сарнишин ба қатл расид.
Тибқи иттилои манбаъҳои амрикоӣ, Завоҳирӣ 31-уми июл дар манзиле кушта шуд, ки ба раҳбари Толибон таааллуқ дорад. Суҳайл Шоҳин, ки аз тарафи ҳукумати Толибон ба мақоми намоянда дар СММ пешбарӣ шудааст, дар шаҳри Давҳаи Қатар бори аввал мустақиман ҳамлаи ҳавопамои бидуни сарнишин дар Кобулро ёдовар шуда афзуд:
"Ҳукумат ва раҳбарони Толибон огаҳ набуданд, ки шахси мавриди иддао, яъне Завоҳирӣ дар Кобул иқомат дошт". Толибон таъкид кардаанд, ки агар чунин амал такрор шавад, паёмади он бар дӯши Амрико хоҳад буд.
Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Энтони Блинкен изҳор намуд, ки Толибон бо тақдими паноҳгоҳ ба Завоҳирӣ ба таври ҷиддӣ хилофи созиши Давҳа амал кардаанд.