Бар асари оташсӯзӣ дар як анбори бузурги яке аз бозорҳои ноҳияи Истраи вилояти Маскав, як нафар ҳалок шуда, бештар аз даҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Сӯхтор рӯзи чаҳоршанбеи 3-юми август рух дода, майдони оташсӯзӣ бар асоси маълумоти Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, 35 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтааст.
Хабаргузории "Риа Новости" аз қавли хадамоти изтирорӣ навиштааст, сабаби аслии оташсузӣ корношоямии таҷҳизоти барқӣ будааст. Гуфта мешавад ҳамаи кормандон, ки беш аз ҳазор нафарро ташкил медиҳад, кӯчонида шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки феълан дар ҷойи ҳодиса як гурӯҳ аз намояндагони сафорат қарор доранд ва онҳо муайян мекунанд, ки оё дар ин ҳодиса ягон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб дидааст ё не.
Зимнан, дирӯз навори сӯхтор дар ин анбори бузург дар вилояти Маскавро як муҳоҷири тоҷик, ки аз дохил сабт намудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Ӯ дақиқаҳои аввал дар бораи ҳодисаи рухдода нақл кардааст.
Теъдоди зиёди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар анбори бузурги Истра, ки сӯхтор сар зад, кор мекунанд.