Президенти Русия Владимир Путин қарори нави доктрина ё сиёсати раҳбурдии баҳриро ба имзо расонид, ки рӯзи 31-уми июл ба иҷро медарояд. Зимни ширкат дар паради ҳарбию баҳрӣ дар Санкт-Петербург ва Кронштадт, ӯ шарҳ дод, ки дар доктринаи нав «сарҳад ва мавзеи мавриди манфиати Русия» зикр шудааст, ки ба онҳо обҳои Арктика, баҳрҳои Сиёҳ, Охотск ва Беринг, гулӯгоҳҳои Балтик ва Курил дохил мешаванд.
Дар ин санад, ба қавли Путин, муҳимтарин таҳдидҳо ба манфиати миллӣ номбар шудаанд, ки дар миёни онҳо, аз ҷумла, афзоиши фаъолияти НАТО, талоши бартарӣ ёфтани ИМА дар уқёнуси ҷаҳон, даъвоҳои ҷуғрофии бархе кишварҳо ба Русия, фишори иттилоотиву низомӣ ба Русия ба хотири коҳиши фаъолияти баҳрии он номбар шудаанд.
Бори аввал доктринаи баҳрии Русия соли 2001 қабул шуда, соли 2015, як сол баъди ишғоли нимҷазираи Қрим нав шуда буд.