Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар нишасти байналмилалии "Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ", ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, аз Толибон даъват кард, ки робитаҳояшонро бо террористон қатъ кунанд.
"Мо аз ҳукумати кунунии Афғонистон даъват мекунем, ки иродаи қавӣ ба намоиш гузошта, барои пешгирӣ ва муқобила бо терроризм чораҳои қатъӣ андешанд ва робитаҳояшонро бо созмонҳои байналхалқии террористӣ қатъ кунанд", - омадааст дар муроҷиати президенти Узбекистон.
Ба бовари Мирзиёев, ин ҳолат метавонад, бовариро ба ҳукумати муваққат бештар ва барои рушди устувори Афғонистон заминагузорӣ кунад.
Мирзиёев гуфтааст, инҳисори Афғонистон дар сатҳи байналмилалӣ метавонад буҳрони иҷтимоиро дар кишвар амиқтар созад ва ба ҳамин далел "набояд ба ин роҳ дод". Президенти Узбекистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки "бо мардуми Афғонистон ҳамбастагӣ нишон диҳад".
Конфронси "Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ" рӯзи 25 июл шуруъ ва рӯзи 26 ба поён расид. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон пештар хабар дода буд, ки бештар аз 20 давлат ва созмонҳои хориҷӣ хоҳиши иштирок дар конфронсро доранд.