Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро рӯзи 24 июл ба муносибати таваллудаш роҳбарони кишварҳои ҳамсояи Узбекистон, инчунин Туркия, Озарбойҷон, Русия ва Белорус табрик карданд. Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров ба Мирзиёев ду асп тақдим кард.
Мирзиёевро президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Белорус Александр Лукашенко, Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Русия Владимир Путин, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Туркия Раҷаб Эрдуғон табрик карданд.
Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистон ба муносибати 65-солагии Мирзиёев ба вай ду асп ҳадя ва ҳамчунин тариқи Инстаграм ӯро табрик кард.
"Ман аспро хеле дӯст медорам, медонам, ки шумо ҳам дӯст медорад. Ба ҳамин хотир аз номи тамоми мардум ва шахсан аз номи худам ба шумо асп ҳадя мекунам. Ман самимона ба шумо саломатӣ, умри дароз ва сулҳу суботу шукуфоии Узбекистонро таманно мекунам", - гуфт Қодиров.