Тоҷикистон аз аввали сол содироти тилоро ба Чин афзуда, айни замон содироти ин навъ метали гаронбаҳоро ба Швейтсария андаке камтар кардааст. Мақомот сабаби тағйиротро намегӯянд. Коршиносон тахмин мезананд, ки Тоҷикистон бо дигар шудани вазъи ҷаҳон, намехоҳад, "ҳамаи тухмро дар як сабад нигоҳ дорад".