Садҳо донишҷӯи тоҷикро ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Вазири маориф гуфт, аксари онҳо хатмкунандаҳои бахши ҳуқуқшиносӣ буданд ва довталабона рафтанд. Гуруҳе аз донишҷӯён шикоят доштанд, ки мақомот аз онҳо аризаву имзо гирифтаан, то имтиҳонҳоро пеш аз муҳлат супурда, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ пайванданд.