Мақомот алайҳи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик ба иттиҳоми ифротгароӣ парванда кушодаанд. Ин рӯзноманигори тоҷик рӯзи 9-уми июл аз сӯи маъмурони Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ба гумони итоат накардан ба амри кормандони пулис боздошт шуд. Наздиконаш ба бегуноҳии ӯ бовар доранд.