Нарзулло Тӯраеви 77-сола аз Бойсун иддао дорад, ки солҳои 90-ум манзили зисташро дар маҳаллаи Заҳматободи пойтахти Тоҷикистон шахсе бо номи Исломиддин Насриддинов ба “зӯрӣ” гирифтааст. Ҷониби дигар мегӯяд, хона аз онҳост, Нарзулло Тӯраев танҳо як муддат онҷо иҷора менишаст.