Дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон дирӯз дар Тошканд бо мақомоти ин кишвар чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Узбекистону Тоҷикистон “Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон”-ро имзо карданд, ки барои тақвияти робитаҳои ду ҳамсояи наздик равона шудааст.
Бар асоси созишномаҳои дигар, аз ҷумла, ду кишвар муштаракан бар зидди ҷинояткории иқтисодӣ ва маблағгузории терроризм мубориза хоҳанд бурд.
Дар миёни мувофиқаҳои дигар қарор аст байни Душанбеву Тошканд ва дигар шаҳрҳои ду кишвар роҳи оҳан фаъол шавад. Интизор меравад шурӯъ аз 20-уми июни соли ҷорӣ ҳаракати доимии қатор миёни Тошканд ва Душанбе роҳандозӣ шавад.
Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар як нишстаии матбуотӣ дар зимни натиҷагирӣ аз сафари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ин кишвар хабар дод. Баъд аз пошхӯрии шуравӣ ин нахустин қаторе мешавад, ки аз он сокинони Тошканду Душанбе истифода хоҳанд кард. Мақомот гуфтанд, ки рӯзе аз марзи Тоҷикистону Узбекистон то 20 ҳазор нафар убур мекунад ва роҳи оҳан василаи муҳими ҳаракати сокинони ду кишвар хоҳад шуд. Соли гузашта низ ҷониби Узбекистон хабар дода буд, тасмим гирифтааст, ки аз шаҳри Самарқанд то шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд роҳи оҳан созад.
Ҳамзамон мақомоти кишвари ҳамсояи Тоҷикистон қитъаи роҳи оҳан аз Бекобод то ноҳияи Конибодомро барои ба роҳ мондани ҳаракати қаторҳо тариқи барқ бозсозӣ кардан мехоҳанд. Тоҷикистону Узбекистон бовар доранд, бо амалӣ шудани ин тарҳҳои иртиботи заминӣ, интиқоли молу коло, равуо ва тиҷорати байни ду кишвар бамаротиб меафзояд. Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки соли 2021 гардиши мол миёни ду кишвар аз 600 милллион доллар убур карда, кишварҳо ба ҳадафи то 1 миллиард доллар расонидани доду гирифтҳои солона наздик мешаванд.
Равобити Тоҷикистону Узбекистон баъди даргузашти президенти пешин Ислом Каримов дар чор соли охир якбора тағйир ёфт ва ҳузури молу маҳсулоти истеҳсоли Узбекистон дар бозорҳои Тоҷикистон бараъло гардид. Вале ҳамоно мушкилоти мисли баланд будани андозу пардохтҳои гумрукӣ ва сифати кори соҳибкорон дар Тоҷикистон аз масоили мавриди интиқод боқӣ мемонад.