Дар идомаи "амалиёт"-и мақомот дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ рӯзи 31-уми май панҷ сокини маҳаллӣ кушта ва як нафар дастгир шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ дар баёнияе ин афродро узви "гуруҳҳои ҷиноӣ ва террористӣ" номид, дар ҳоле ки қаблан наздиконашон онҳоро "осоишта ва шахсони бесилоҳ" гуфта буданд.