Фурқат Абдуфаттоев ва Диловар Ҷӯраев, сокинони шаҳри Исфара, гуфтанд, ҳарчанд қариб як сол боз дар озодӣ ҳастанд, мақомоти Русия ба онҳо иҷозаи бозгашт ба Тоҷикистонро намедиҳанд. Ду додгоҳ дар Русия қарор баровардаанд, ки Абдуфаттоев ва Ҷӯраев ҳаққи тарки ҷойи зистро надоранд.