Як корманди Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Рӯшон рӯзи 20-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар ҷараёни “амалиёт” дар ноҳияи Рӯшон 21 кас кушта шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҳалокати танҳо 8 сокини маҳаллӣ гузориш дод.