Федератсияи байналмилалии хоккей қарор кард, чемпионати ҷаҳонии хоккей, ки интизор мерафт, Русия соли 2023 аз он дар шаҳри Санкт-Петербург мизбонӣ кунад, дар кишвари дигар баргузор шавад.
Дар федератсия гуфтанд, ки ин қарор бо назардошти амнияти хоккейбозҳо, намояндагони расмӣ, расонаҳо ва мухлисон гирифта шудааст.
Макони нави баргузории мусобиқот дертар маълум мешавад.
Федератсия қаблан иштироки Русия ва Белорусро дар мусобиқаҳои байналмилалии хоккей манъ карда буд. Пештар низ Русия аз ҳаққи баргузор кардани чемпионати ҷаҳонии ҷавонон дар соли 2023 маҳрум шуда буд.