Қазоқистон шурӯъ аз 11 апрел маҳдудиятҳои сафарҳои заминиро дар сарҳадҳояш бо Русия, Қирғизистон ва Узбекистон, ки аз моҳи марти соли 2020 бо сабаби пандемияи COVID-19 амал мекард, бекор кард. Мақомоти қазоқистонӣ гуфтанд, ки ҳамакнун шаҳрвандони хориҷиву афроди бидуни шаҳрвандӣ метавонанд бемушкил аз гузаргоҳҳо марзӣ бо се кишвари ҳамсоя ворид шаванд. Қазоқистон, яке дигар аз маконҳои муҳими кору даромади муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва боз шудани марзҳо барои ин гурӯҳ хабари хуш мебошад. Сафарҳои хориҷиҳо бо ҳавопаймо дар давраи пандемия бисёр гарон анҷом мешуд.