Гуруҳе аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ, ки аз тарси Толибон ба Тоҷикистон омада буданд, маҷбур шудаанд, дубора ба Афғонистон баргарданд. Онҳо мегӯянд, талошҳояшон барои рафтан ба кишвари севум бенатиҷа будааст ва ба гуфтаашон, пайдо кардани ҷойи кору даромади хуб дар Тоҷикистон мушкил аст.