Бо гузашти чаҳор даҳсола аз мамнуъ будани фурӯш ва истифодаи машрубот дар Эрон, бозори шароб гарм шудааст. Аксар истеҳсолкунандагон занонанд, ки мегӯянд, бо тавлиди ғайриқонунии шароб зиндагии худро пеш мебаранд, ҳарчанд хатари боздошту ҷазо гирифтанашон кам нест.