Нархи орд дар Тоҷикистон боз гарон шуд. Агар ду рӯз пеш арзиши як халтаи 50-килоии он 270-280 сомонӣ буд, рӯзи 10-уми март ба 290- 325 сомонӣ расид. Ин вазъ сокинонро нигарон кардааст. Баъзе аз тоҷирон дӯконҳои ордфурӯширо бастаанд. Моликони бозорҳо мегӯянд, ҷое барои ташвиш нест.