Бо фаромадани тарма як қитъаи роҳи Душанбе-Чаноқ (Хуҷанд), ягона масире, ки маркази Тоҷикистонро бо шимол мепайвандад, баста шудааст. Намояндагони Innovative Road Solutions, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ гуфтанд, барои тоза карданаш аз барф талош доранд.