Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Пирӯзии сеюми мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозиҳои санҷишӣ дар Туркия

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи ҷамъомади  таълимиву тамринӣ дар Туркия дар бозии санҷишӣ тими «Криля Советов»-и Самараро, ки дар мусобиқоти ҷавонони Русия бозӣ мекунад, бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.


Ба иттилои манбаъ, ин бозии санҷишӣ 19-уми феврал дар маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ»-и шаҳри Сиде доир гардид. Голҳоро Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Содиқҷон Қурбонов ва Меҳроб Асоев ба самар расониданд.


Ин бозии чаҳоруми санҷишии футболбозони ҷавони тоҷик дар Туркия ба шумор мерафт. Ёдовар мешавем, бозии аввали санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо тими «Ворскла» (U-20)-и Украина бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфта буд.


Баъдан футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии дуюми санҷишӣ тими «Фремад Амагер» (U-20)-и Данияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, сипас ҳайати ҷавонони «Чертаново»-и Русияро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд.


Аҳлиддин Турдиев, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон, ки ин бозиҳоро бо ду ҳайати мухталиф баргузор намуд, ҳамаи бозигарони дар ихтиёри даста бударо озмоиш кард.


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бозии панҷуми санҷиширо 22-юми феврал бо тими мунтахаби ҷавонони Туркия  (U-20) доир менамояд.


Натиҷаҳои бозиҳои санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомад дар Туркия:


13 феврал (якшанбе)


Тоҷикистон (U-20) – «Ворскла» (Украина, U-20) – 0:0


 


16 феврал (чоршанбе)


Тоҷикистон (U-20) – БК «Фрем» (Дания) – 2:1


Голҳои Тоҷикистон: Асадбек Зиёзода, Абдулло Шарипов.


 


18 феврал (ҷумъа)


Тоҷикистон (U-20) – «Чертаново-М» (Русия) – 2:0


Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 2 (1:0). Азизбек Ҳаитов, 52 (2:0).


 


19 феврал (шанбе)


Тоҷикистон (U-20) – «Криля Советов-М» (Русия) – 3:0


Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 28 (1:0). Содиқҷон Қурбонов, 47 (2:0). Меҳроб Асоев, 81 (3:0).


 


22 феврал (сешанбе)


Тоҷикистон (U-20) – Туркия (U-20)


 


дар доираи ҷамъомади  таълимиву тамринӣ дар Туркия дар бозии санҷишӣ тими «Криля Советов»-и Самараро, ки дар мусобиқоти ҷавонони Русия бозӣ мекунад, бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.


Ба иттилои манбаъ, ин бозии санҷишӣ 19-уми феврал дар маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ»-и шаҳри Сиде доир гардид. Голҳоро Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Содиқҷон Қурбонов ва Меҳроб Асоев ба самар расониданд.


Ин бозии чаҳоруми санҷишии футболбозони ҷавони тоҷик дар Туркия ба шумор мерафт. Ёдовар мешавем, бозии аввали санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо тими «Ворскла» (U-20)-и Украина бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфта буд.


Баъдан футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии дуюми санҷишӣ тими «Фремад Амагер» (U-20)-и Данияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, сипас ҳайати ҷавонони «Чертаново»-и Русияро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд.


Аҳлиддин Турдиев, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон, ки ин бозиҳоро бо ду ҳайати мухталиф баргузор намуд, ҳамаи бозигарони дар ихтиёри даста бударо озмоиш кард.


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бозии панҷуми санҷиширо 22-юми феврал бо тими мунтахаби ҷавонони Туркия  (U-20) доир менамояд.


Натиҷаҳои бозиҳои санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомад дар Туркия:


13 феврал (якшанбе)


Тоҷикистон (U-20) – «Ворскла» (Украина, U-20) – 0:0


 


16 феврал (чоршанбе)


Тоҷикистон (U-20) – БК «Фрем» (Дания) – 2:1


Голҳои Тоҷикистон: Асадбек Зиёзода, Абдулло Шарипов.


 


18 феврал (ҷумъа)


Тоҷикистон (U-20) – «Чертаново-М» (Русия) – 2:0


Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 2 (1:0). Азизбек Ҳаитов, 52 (2:0).


 


19 феврал (шанбе)


Тоҷикистон (U-20) – «Криля Советов-М» (Русия) – 3:0


Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 28 (1:0). Содиқҷон Қурбонов, 47 (2:0). Меҳроб Асоев, 81 (3:0).


22 феврал (сешанбе)


Тоҷикистон (U-20) – Туркия (U-20)

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.


Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus