Дар як иқдоми камсобиқа дар Тоҷикистон вазири маорифу се муовинаш, мудири Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва раиси Маркази миллии тестиро аз мансаб барканор карданд. Мақомот сабаби тағйиротро "ба кори дигар гузаштан" номиданд, коршиносон ба бастаи мушкилҳои ҳалношуда дар бахши маориф пайванд доданд.