Маъмурони муассисаҳои имдодӣ мегӯянд, дар шаҳри Идлиби Сурия, ки дар дасти ошӯбгарони зиддиҳукуматӣ аст, ҳар моҳ аз ду то чаҳор кӯдакро волидонашон раҳо мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, қашшоқӣ ва ноумедӣ падару модаронро маҷбур мекунад, кӯдаконро бо умеди зиндагии беҳтар ба афроди бегона бидиҳанд.