Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6-уми январ дар пайванд бо таҳаввулоти ахир дар Қазоқистон, бо шуморе аз сарони кишварҳои минтақа телефонӣ сӯҳбат кардааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар тамосҳои ҷудогона бо Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ва Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон, ки ҳамзамон раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД мебошад, вазъи пешомада дар Қазоқистонро баррасӣ карданд.
Ба иттилои манбаъ, тамоси Эмомалӣ Раҳмон бо Қосимҷомарт Тоқаев бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон сурат гирифтааст ва ҷониби Тоҷикистон "аз талошҳои раҳбарияти Қазоқистон ҷонибдорӣ намуда", умедворӣ кардааст, ки вазъ тариқи гуфтугӯ ва муколама барқарор хоҳад шуд. Дар ин суҳбат ҷониби Тоҷикистон омодагии инкишвар барои ширкат дар ҳайати нерӯҳои сулҳофари Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро эълон кардааст.
Дар сӯҳбат бо Шавкат Мирзиёев ҷонибҳо умедворӣ кардаанд, ки оромӣ ҳарчӣ зудтар дар Қазоқистон барқарор шавад.
Аммо дар суҳбати телефонӣ бо Никол Пашинян, ки рӯзи 5-уми январ баргузор шудааст, ҷонибҳо муроҷиати расмии Қазоқистон ба СПАД дар бораи расонидани кӯмак аз тарафи кишварҳои узви ин созмон "дар бартараф намудани таҳдидҳои бамиёномада"-ро баррасӣ кардаанд.
Дар пасманзари ин гуфтугӯҳо, шаби гузашта Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ва роҳбарии давраии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хабар дод, ки ин созмон нерӯҳои сулҳофари худро ба Қазоқистон мефиристад. Вале Пашинян нагуфтааст, ки СПАД ба Қазоқистон чӣ қадар нерӯ мефиристад.
Нооромиҳои ахир дар Қазоқистон бо эътироз ба ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ рӯзи 2-юми январ дар Жанаозен оғоз шуд, вале босуръат ба шаҳрҳои дигари Қазоқистон "сироят" кард. Ба навиштаи расонаҳо даҳҳо нафар дар даргириҳо миёни эътирозгарон ва нерӯҳои интизомӣ маҷруҳ шудаанд. Бархе хабаргузориҳо хабар доданд, ки дар ин миён чанд нафар ҳам ҷон бохтаанд. Аммо дар ин робита ҳанӯз хабарӣ расмӣ нашр нашудааст.