Нашрияи фаронсавии L'Equipe бар асоси назархоҳии хабарнигорони нашрия дастаи мунтахаби рамзиро аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 эълон кард, хабар медиҳад sport-express.ru.
Вале ба даста барандаи феълии «Тӯби тиллоӣ», ҳамлагари «ПСЖ»-и Фаронса Лионел Месси ва ҳамлагари «Манчестер Юнайтед»-и Англия Криштиану Роналду роҳ наёфтанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби рамзии соли 2021 аз рӯи фарзияи L'Equipe:
Дарвозабон: Эдвард Менди («Челси»)
Ҳимоятгарон: Трент Александер-Арнолд («Ливерпул»), Рубен Диаш («Манчестер Сити»), Маркинйос («ПСЖ»), Тео Эрнандес («Милан»)
Нимҳимоятгарон: Н'Голо Канте, Жоржинйо (ҳарду аз «Челси»), Кевин Де Брюйне («Манчестер Сити»), Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул»)
Ҳамлагарон: Карим Бензема («Реал»), Роберт Левандовски («Бавария»).
Ёдовар мешавем, Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) моҳи декабри соли гузашта дастаи мунтахаби рамзии ҷаҳонии соли 2021-ро тартиб дода буд.
Ба иттилои сомонаи ин созмон, беҳтарин дарвозабон Ҷонлуиҷи Доннарумма аз бошгоҳи “Пари Сен-Жермен” (ПСЖ)-и Фаронса дониста шуд. Ба чоргонаи ҳимоятгарон Алфонсо Дэвис («Бавария»-и Олмон), Рубен Диас («Манчестер Сити»-и Англия), Леонардо Бонуччи («Ювентус»-и Италия) ва Ашраф Ҳакимӣ (ПСЖ) шомил шуданд.
Сегонаи беҳтарин нимҳимоятгаронро Лионел Месси («ПСЖ»), Кевин Де Брюйне («Манчестер Сити») ва Жоржинйо («Челси»-и Англия) ташкил доданд.
Миёни беҳтарин ҳамлагарон Роберт Левандовски («Бавария»), Криштиану Роналду («Манчестер Юнайтед»-и Англия) ва Килиан Мбаппе («ПСЖ») ҳастанд.
Зимнан, 29-уми ноябри соли гузашта футболбози 34-солаи аргентинӣ Лионел Месси бори ҳафтум барандаи «Тӯби тиллоӣ» шуд. Дар мубориза барои дарёфти ин ҷоиза, ӯ аз Левандовскии лаҳистонӣ, ки беҳтарин ҳамлагари сол эътироф шуда буд, пеш гузашт.