Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ба Белорус намеравад. Дафтари матбуоти президент дар хабарномае гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст “дар шакли видеоконфронс" иштирок мекунад. Дақиқ нест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон чаро аз сафар ба Минск худдорӣ кард.
Ҷаласаи роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил зери роҳбарии Белорус баргузор мешавад. Ин созмони зери нуфузи Русия 30 сол пеш дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад ва феълан 11 узв дорад. Ҳарчанд намояндагони Украина чанд сол аст дар ҷаласаҳои ин созмон ширкат намекунанд.