То поёни мавсими чаҳоруми Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон ҳамагӣ як давр мондааст. Пас аз натиҷагирии бозиҳои ҳабдаҳ даври мусобиқа дар садри ҷадвал дуҳокимиятӣ ҳукмронӣ мекунад. Дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Зебонисо» -и Душанбе, ки 48-имтиёзӣ гирифтаанд, пешсафиро бо ҳам мебинанд.