Умар Кремлёв, президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) зимни сафари кории худ ба Тоҷикистон бо масъулини соҳа мулоқот кард. Вале ягонаи довари тоҷик дар Олимпиада мегӯяд, ӯ ва чанд мутаххасисони шинохтаи соҳаи боксро ба мулоқоти президенти AIBA даъват накарданд.