Даҳҳо халабони фирории афғонро аз аввали моҳи сентябр дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳ медоранд. Ин осоишгоҳ, ки макони истироҳати мансабдорони яке аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аст, дар миёни кӯҳҳои бузург ва соҳили рӯд ҷойгир буда, атрофашро бо деворҳои бетонии нимабоз маҳкам кардаанд.