Як афсари собиқи аршади вазорати дифои Амрико гуфт, ки ИМА аллакай ба Чин дар рақобат бо зеҳни сунъӣ "мағлуб шудааст". Николас Чейллан, ки моҳи ҷорӣ ба нишони эътироз аз, ба гуфтааш, рушди заъифи фанновариҳои низомии ИМА ба истеъфо рафт, дар сӯҳбат бо нашрияи Financial Times гуфт, “дар 15-20 соли оянда ИМА дар рақобат бо Чин ҳеҷ шонсе надорад”. Ӯ гуфт, “ҳоло ин як созишномаи анҷомёфта аст” ва “аллакай тамом шудааст”. Чейлан гуфт, низоми дифои интернетии ИМА дар бисёр идораҳои давлатӣ “дар сатҳи боғчаи бачагона қарор дорад”.
Чин иқтисоди дуюми азимтарини сайёра буда дар самти рушди фанновариҳои навин фаъолона кор мекунад ва ин пешрафт ба ақли зеҳнии маснӯӣ, генетика ва биологияи синтетикӣ рабт дорад.