Русия тартиби нави рафту омади муҳоҷиронро роҳандозӣ хоҳад кард. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки таҳияи санади нав дар ин замина аз сӯи Вазорати корҳои дохилӣ дар чанд моҳи оянда омода хоҳад шуд. Ба таъкиди Лавров онҳо ҷонибдори шафофият дар ин масъала мебошанд.
Моҳи августи соли ҷорӣ Русия эълон карда буд, ки дар ним соли ахир вуруди тақрибан 100 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ манъ шудааст. Дар ҳамин ҳол мақомоти рус 150 ҳазор муҳоҷирони тоҷикро, ки ҳаққи сафар ба ин кишварро надоштанд афв кардаанд. Дар ин бора Вадим Коженов, раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия дар як навори видеоӣ хабар дод.
Вадим Коженов гуфт, ин афв онҳоеро фаро гирифт, ки аз сӯи Вазорати корҳои дохилӣ вурудашон ба қаламрави Русия мамнуъ буд. Муҳоҷироне, ки бо қарори додгоҳ аз Русия депорт гардида буданд, ҳамоно имкони бозгаштро надоранд.
Ба қавли Коженов раванди авф аз 18-уми августи имсол оғоз кардида, аллакай маълумот дар ҳамаи байгониҳо дастрас аст . Бинобар ин бояд муҳоҷирон тариқи вебсайти Вазорати корҳои дохилӣ исми худро тафтиш кунанд, то фаҳманд, ки ба руйхати авфшудаҳо ворид шудаанд ё не.
Тибқи омори Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон то кунун беш аз 270 ҳазор шаҳрванди ин кишвар аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум буданд. Таҳлилгарони масоили муҳоҷират мегӯянд, мақомоти тоҷик бояд талош кунанд, то муҳоҷирон барои қонуншикании ночиз ба феҳрасти “рондашудаҳо” наафтанд. Зеро онҳо як гуруҳи бузурге мебошанд, ки кӯмакашон ба иқтисоди Тоҷикистон ва буҷаи оилаҳо зиёд аст.