Қонунгузорони Тоҷикистон барои таълими динӣ тавассути интернет, ҷазои сахттар ҷорӣ карданд. Бар асоси тағйироти нав дар Кодекси ҷиноятӣ, ҳамакнун ҷазо барои таълими ғайриқонунии динӣ то се сол зиндонро дар бар мегирад.
Ин тарҳ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон фиристода шуд ва Нусратулло Мирзоев, муовини раиси Кумитаи давлатии амниятии миллӣ рӯзи 6-уми октябр онро дар назди вакилон муаррифӣ кард. Ӯ гуфт, ки бар асоси таҳлилҳои онҳо, 95 дарсади афроде, ки ба гурӯҳу созмонҳои тундгарон гаравидаанд, таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтаанд. Оқои Мирзоев афзуд, давоми солҳои 2019-2020 ва 9 моҳи аввали соли ҷорӣ 1833 ҳолати "таълими ғайриқонунии динӣ" ошкор шудааст.
Ба бовари Нусратулло Мирзоев, шакли нави таълимоти ғайриқонунии динӣ, яъне тариқи шабакаҳои интернетӣ зуҳур ёфта, муҷозоти маҳкум ба зиндон намудан, ба чунин афрод низ дахл дорад. Ба гуфтаи ӯ, вазъи таълими динӣ нигаронкунанда буда, тамоюли болоравӣ дорад. "33 нафар падару модарон, ки фарзандони худро ба таълими ғайриқонунии динӣ фиристода, монеи рафтани онҳо ба мактаб шуданд, ҷазо гирифтанд",-гуфт ӯ.
Мувини раиси Кумитаи амният афзуд, ки миёни онҳое, ки ба таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул буданду ошкор шудаанд, 43 нафар имомхатибон, 983 нафар рӯҳониёни ғайрирасмӣ, 32 омӯзгор ва 17 донишҷӯ ҳастанд.
Дар Тоҷикистон се сол инҷониб таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуда, чунин имконият танҳо дар назди муассисаҳои давлатӣ имконпазир аст.
Баъди ҷорӣ шудани чунин маҳдудият дар Тоҷикистон, даҳҳо нафар боздошту ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Тобистони соли ҷорӣ президент Эмомалӣ Раҳмон аз ҷой доштани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар водии Рашт изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, соли 2020 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ тақрибан 70 ҳолати ғайриқонунӣ таълим додани зиёда аз 280 нафар кӯдакону наврасон ошкор карда шудааст.
Раванди маҳдудият дар таълими динӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 10 сол пеш шурӯъ шуд. Дар соли 2010 бо амри президент Эмомалӣ Раҳмон аз беш аз 3000 наврасу ҷавоне, ки дар мадрасаҳои Покистону Афғонистону Миср ва дигар давлатҳои исломӣ таҳсил мекарданд, аксарашон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Ҳарчанд мақомот гуфтанд, ки ҳадафи онҳо на эҷоди монеа барои диндорон, балки ҷилавгирӣ аз афзоиши ифротгароӣ миёни наврасону ҷавонон аст, вале дар маҳофили динӣ гап аз ҳамлаҳои наву паёпай ба дину мазҳаб мерафт.