Дар ИМА шумори фавтидаҳо аз коронавирус аз марзи 700 ҳазор нафар гузашт, ки тақрибан наздик ба аҳолии як шаҳри Вашингтон ё Бостон мебошад. Дар рӯзҳои охир дар саросари ин кишвар тахминан 1900 нафар бар асари COVID-19 ҷон медиҳанд ва 112 ҳаор нафар ба ин беморӣ олуда мешаванд. Аҳолии ИМА 330 миллион нафар аст ва омори қурбониҳои коронавирус дар муқоиса бо дигар нуқоти ҷаҳон рекордӣ мебошад. Дар ИМА ҳоло давраи сеюми эмгузаронӣ ҷараён дорад, ки ҳадафаш қавитар кардани организм дар муқобили коронавирус гуфта мешавад.