Добавить новость

Стоимость организации свадьбы в столице увеличилась за год на 15%

Воробьев: центр для слепоглухих граждан в Сергиевом Посаде заработает в сентябре

На стадионе «Торпедо» в Мытищах прошел фестиваль «Спорт для всех»

В Воскресенске стартовал финал чемпионата «Профессионалы-2024»



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Русия дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон пешсаф, Тоҷикистон ҳафтум аст

Русия дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон пешсаф, Тоҷикистон ҳафтум аст

Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки дар шаҳри Қазони Тотористони Русия ҷараён дорад, варзишгарони тоҷик дар ҳафт рӯзи рақобатҳо 13 медал – 7 нуқра ва 6 биринҷӣ – гирифтаанд. Тоҷикистон дар байни 9 кишвари ширкаткунандаи бозиҳо мисли пешин дар ҷойи ҳафтум аст.

Рӯзи 8-уми сентябр варзишгарони ҷавони тоҷик дар сабқати бокси тайландӣ ду медал ба даст оварданд. Бибинишастамо Холова дар вазни то 60 кило миёни занон бо медали нуқра ва Амонҷон Даминов дар вазни то 71 кило миёни мардон бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ёдовар мешавем, қаблан дар сабқати гуштии юнониву румӣ Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 60 кило соҳиби медали нуқра, Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило барандаи медали биринҷӣ шуда буданд.

 

Дар сабқати гуштии озод Муҳаммад Икромов дар вазни то 61 кило ва Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кило сазовори медалҳои нуқра гардиданд.

Медали дигари нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс дар вазни то 75 кило ба даст овард.

Дар сабқати гуштии камарбандӣ Фирӯзҷон Зиёев дар вазни то 68 кило ва Дилшод Қурбонов дар вазни то 82 кило соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар сабқати гуштии кураш Хуршедшоҳ Каримзода дар вазни то 60 кило ва Ҳоҷиакбар Тошмуродов дар вазни то 80 кило медалҳои нуқра, инчунин Қурбоналӣ Охунов дар вазни то 75 кило медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар сабқати самбо Ҷаҳонафрӯз Сулаймонов дар вазни то 71 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ беш аз 1100 варзишгар аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат меварзанд. Синну соли варзишгарон аз 14 то 23-сола мебошад. Онҳо барои 182 маҷмӯи ҷоизаҳо дар 11 иншооти варзишии Қазон мубориза мебаранд.

Ба барномаи мусобиқот, ки то 11-уми сентябр идома хоҳад кард, 16 намуди варзиш дохил аст: бадминтон, баскетбол (3х3), бокс, гуштии камарбандӣ, ҷудо, каратэ, кураш, тенниси рӯи миз, тирпарронӣ, самбо, гуштии варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ мекунанд. 

Баъди натиҷагирии ҳафт рӯзи мусобиқот дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шудааст, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон дар мақоми ҳафтум қарор дошта, аз Арманистону Молдова пеш аст.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи охирин аст. Зимнан, дар ин бозиҳо Туркманистон иштирок намекунад.

Намояндагони се кишвар – Тоҷикистон, Арманистон ва Молдова – то ҳоло медали тилло надоранд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ

                                              Тилло            Нуқра      Биринҷӣ  Ҳамагӣ

1

 

Русия

81

21

29

131

2

 

Узбекистон

17

26

24

67

3

 

Озарбойҷон

12

9

18

39

4

 

Қазоқистон

11

29

39

79

5

 

Беларус

6

21

17

44

6

 

Қирғизистон

2

10

24

36

7

 

Тоҷикистон

0

7

6

13

8

 

Арманистон

0

5

7

12

9

 

Молдова

0

1

9

10

 

Бояд гуфт, ки ғояи гузаронидани аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ аз ҷониби Федератсияи Русия пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди мазкур дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе 28-уми сентябри соли 2018 дастгирӣ ёфт. Қарор оид ба баргузор кардани аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон 25-уми октябри соли 2019 қабул шуд.

Дар ибтидо баргузории аввалин Бозиҳои ИДМ моҳи августи соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, аммо баъдтар бо сабаби пандемияи COVID-19 ба таъхир андохта шуд. Қарор аст, ки бозиҳо ҳар ду сол дар ҳар як кишвари ИДМ баргузор шаванд.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Суд запретил французской Engie вести спор с Газпром экспортом за рубежом

Универсалы поборются за титул «Вагон года»

Более 100 новых баков установили на мусорных площадках в Одинцове к лету

Стенд Красноярского края занял второе место на главном туристическом форуме России

Музыкальные новости

«Волшебные башмачки Элли» - эта постановка создана по мотивам знаменитой сказки Александра Волкова «Волшебник Изумрудного города» - Театр и Цирк, Культура и Концерт, Россия и Дети

Совместное заявление участников круглого стола, приуроченного ко «Дню защиты прав безвинно осужденных»

В Бурчтии в театре кукол «Ульгэр» 14-16 июня пройдут «Волшебные выходные»! - Театр и Цирк, Культура и Концерт, Россия и Дети

В аэропорту Пулково задержали шесть рейсов и отменили еще один

Новости России

Путин пригласил Ким Чен Ына посетить Москву с ответным визитом

В России может появиться электросамокатная полиция

Суд запретил французской Engie вести спор с Газпром экспортом за рубежом

Стенд Красноярского края занял второе место на главном туристическом форуме России

Экология в России и мире

BIA Technologies повысила производительность сборки специй в компании FOSFOREL на 15%

Зубные щетки Revyline Perfect DUO и зубная паста Organic Detox против кариеса в Назрани

Prada, коллекция menswear весна-лето 2025

Токсиколог Кутушов назвал признаки теплового удара и правила первой помощи

Спорт в России и мире

Скачков и Тайлакова выиграли соревнования по настольному теннису на Играх БРИКС

Саснович победила на старте квалификации турнира WTA-500 в Берлине

«Надо чем-то жертвовать». Арина Соболенко отказалась ехать на Олимпиаду в Париже

Людмила Самсонова не отдала голландскую траву // Она продолжила серию российских побед на теннисном турнире в Хертогенбосе

Moscow.media

В Екатеринбурге начался второй этап опрессовок

В России запустили бесплатного цифрового ЗОЖ-помощника

Белые ночи Беломорья....

ТСД промышленного класса Saotron RT-Т510











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Путин пригласил Ким Чен Ына посетить Москву с ответным визитом

Универсалы поборются за титул «Вагон года»

Более 100 новых баков установили на мусорных площадках в Одинцове к лету

Два нижегородских университета вошли в топ-100 рейтинга лучших вузов России