Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Чин ҳамла дар Покистонро маҳкум кард

Чин аз Покистон тақозо кард, ки барои таъмини амнияти шаҳрвандонаш дар ин кишвар талоши бештар ба харҷ диҳад.


Мақомоти Покистон гуфтанд, як таркиши маргталабонае, ки зидди мошини ҳомили шаҳрвандони Чин нигаронида шуда буд, ду кӯдакро кушта ва чор нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Чинро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Масъулияти таркиши 20-уми августро гурӯҳи ҷангии “Артиши озодихоҳи Балуҷ” ба дӯш гирифт.


Дар изҳороти намояндагии дипломатии Чин дар Исломобод гуфта шуд: “Сафорати Чин ин амали террористиро ба шиддат маҳкум мекунад” ва “Покистон бояд тадбирҳои амаливу муасирро барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо дар оянда рӯи даст бигирад”.


Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, вақте маргталаб бомбаро дар назди мошин ба кор андохт,  чор нафар, аз ҷумла ронанда маҷрӯҳ шуданд. Шаҳрвандони Чин ҷароҳатҳои сабук бардоштанд. Лиёқувват Шаҳвонӣ, сухангӯи раиси вилояти Балуҷистон дар изҳороте дар Твиттер “ҳамла ба шаҳрвандони Чинро бо сангинтарин шева маҳкум кард”.


Чин дар тарҳи Долони иқтисодии Чину Покистон, ки буҷааш  65 миллиард доллар аст, саҳм дорад ва барои таъмини амнияти чиниҳо дар ин кишвар 15 ҳазор сарбоз мустақар ҳастанд.


Гвадар давоми солиёни зиёд чун истеҳкоми ҷангҷӯёни ҷудоиталаб хидмат мекунад. Оғози моҳи август дар як ҳамла ба автобус дар вилояти Хайбар Пахтунхва 13 нафар, аз ҷумла, нӯҳ коргари чинӣ ва ду сарбози покистонӣ кушта шуданд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus