Ситоиши Байден аз «пешрафти ҷиддӣ» дар тарки Афғонистон кардани нирӯҳову мардум
“Ҳафтаи гузашта дилрешкунанда буд. Мо шоҳиди саҳнаҳои сангини талоши мардуми ноумедшуда будем. Медонед, инро дарк кардан мумкин аст – онҳо тарс доранд, онҳо ғамгинанд, онҳо намедонанд, ки фардо чӣ мешавад. Фикр накунам, ки нафароне, ки ин саҳнаҳоро шоҳид мешавад, дардеро, ки ба сари инсон омадааст, дарк накунад”.
Президент гуфт, ки ҳамаи амрикоиҳо берун бурда мешаванд ва ӯҳдадории амрикоиҳо барои ба макони амн интиқол додани афғонҳое, ки ҳамкори нирӯҳои байналмилалӣ буданд ваё ба ҳайси раҳбарони созмонҳои занон ва журналистон кор кардаанд, ба иҷро мерасад. Байден гуфт, аз 14-уми август то имрӯз 13 ҳазор нафар ва аз моҳи гузашта то имрӯз 18 ҳазор нафар аз Афғонистон берун бурда шуданд. Ҳазорҳо нафари дигар бо кӯмаки ҳукумати Амрико тавассути ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ Афғонистонро тарк карданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳазорҳо афғонҳои дигар дар талоши тарки Кобул наметавонанд ба фурудгоҳ бирасанд, чун Толибон посгоҳҳо ташкил карда монеи ба фурудгоҳ расидани онҳо мешаванд, бархеро таҳдид ва дигарҳоро латукӯб мекунанд. Ҳазорҳо нафари дигар дар фурудгоҳ мунтазири тарки кишвар мондаанд.