Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Афзоиши арӯсиҳои кӯдакон дар як соли охир дар Эрон

Мақомот дар Эрон гузориш доданд, ки дар соли 2020 назар ба як сол аз он пеш дар ин кишвар ҳолатҳои издивоҷҳои кӯдакон афзоиш ёфтааст. Маркази омори Эрон мегӯяд, соли гузашта дар ин кишвар арӯсии духтарони 10-14-сола назар ба соли 2019 - 10,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Агар соли 2019 беш аз 28 ҳазор ҳолати никоҳи кӯдакону наврасон ба қайд гирифта шуда бошад, соли гузашта ин омор беш аз 31 ҳазор ҳолатро ташкил додааст.


Дар Эрон иҷоза аст, ки духтарон баъди 13 ва писарон баъди 15-солагӣ оила барпо кунанд. Ба таври истисноӣ бо иҷозаи падарон барпо кардани оила дар синни ҷавонтар аз ин ҳам иҷоза дода мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки омори расмӣ дар бораи издивоҷҳои кӯдакон наметавонад баёнгари вазъи воқеӣ бошад ва ҳолатҳои оиладоршавии кӯдакони зиёди дигар сабтнашуда мемонад. Маркази омори Эрон мегӯяд, ки тахминан 5 дарсади издивоҷҳо дар Эрон марбут ба наврсони зери 15-сола мебошад.


Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи СММ оид ба Эрон дар як гузоришаш ба унвонии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар моҳи март тақозо кард, ки ислоҳоте дар заминаи тарзи бархӯрд бо занону духтарон дар Ҷумҳурии Исломӣ барпо шавад, то пеши роҳи издивоҷҳои кӯдакон гирифта шавад. Раҳмон гуфт, ки “дар Эрон то ҳол ба  занону духтарон ҳамчун шаҳрвандони дуюмдараҷа муносибат мешавад”.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus