Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Гузоришҳо: Толибон дар Кобул ташкили ҳукумати навро баррасӣ мекунанд

Тибқи гузоришҳо, раҳбарияти калони Толибон рӯзи 21-уми август дар шаҳри Кобул барои таҳияи тарҳи ҳукумати оянда ҷамъ мешаванд. Ин гурӯҳи ҷанги рӯзи 15-уми август Кобулро ишғол кард ва ҳамакнун аксар қаламравҳои Афғонистонро таҳти назорат гирифтааст. Ҷаласаи Толибон дар ҳоле барпо мешавад, ки нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ баъди 20 соли ҷанг Афғонистонро тарк мекунанд ва ин гурӯҳ талош дорад аз худ як симои гурӯҳи мӯътадиле бисозад.


Як мақоми баланпояе дар сафи Толибон ба шарти ифшо нашудани номаш ба Франс-Пресс гуфтааст, ки ҳаммуассиси гурӯҳ Мулло Абдулғанӣ Бародар  дар Кобул “бо раҳбарони ҷиҳодӣ ва сиёсатмадорон ба хотири ташкили як ҳукумати фарогир мулоқот мекунад”. Як мақоми дигари номуайян ба оҷонсии Рейтерс нахост дар пойтахти Афғонистон ҳузур доштани Бародарро тасдиқ кунад.


Интизор меравад, ки дар ҷаласаи раҳбарони Толибон раҳбарони калони шабакаи Ҳаққонӣ ҳам, ки ба Толибон иртибот дорад ва онро ИМА як созмони  террористӣ эътироф кардааст, иштирок кунанд.


Толибон ваъда додаанд, ки дар муқоиса бо солҳои 1996-2001, ки дар Афғонистон шеваи усулгароёнаи шариати   исломиро ҷорӣ карда буданд, ин навбат як ҳукумати мӯътадил ва “мусбате” месозанд.


Бозгашти Толибон нигарониву тарси амиқи бисёр аъзои ҷомеаи Афғонистонро ба бор овард, чун дар давраи онҳо занону духтарон, аққалиятҳои диниву қавмӣ ва дигарҳо аз ҳуқуқ ва ҳаёти ҷамъиятӣ маҳрум буданд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus