Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Туркияву Юнон гуфтанд, ки мавҷи паноҳҷӯёни афғонро қабул надоранд

Нахуствазири Юнон Кирякос Митсотакис ва президенти  Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон вазъи Афғонистон ва масъалаи мавҷи паноҳҷӯён аз ин кишвар ба Аврупоро баррасӣ карданд. Дар ин сӯҳбати телефонӣ, ки 20-уми август барпо шуд, Эрдуғон ба раҳбари ҳукумати Юнон гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо бояд ба афғонҳо дар дохили кишвар ва давлатҳои ҳамсояи он, бахусус Эрон мусоидат кунад, вагарна, ба гуфтаи ӯ, мавҷи муҳоҷират “пешгиринашаванда” мегардад. Эрдуғон гуфт, агар бо омадани Толибон дар Афғонистон вазъ мӯътадил нашавад, фишори бе ин ҳам баланди муҳоҷират барои “ҳар нафар чолишҳои ҷиддӣ эҷод мекунад”. Ба андешаи Митсотакис, бояд ба ҳамсояҳои Афғонистон кӯмак кард, то ки афғонҳо “ҳадди аксар наздиктар ба хонаҳои худ нигаҳдорӣ шаванд”.


Сари кор омадани Толибон метавонад вазъи аз соли 2015 бӯҳронии муҳоҷират дар Аврупоро боз ҳам сангинтар кунад. Он замон миллионҳо сокинони Ховари Миёна бо фирор аз ҷангҳо ба Юнону Туркия рафта, аз он ҷо талош намуданд, ки ба давлатҳои сарватмандтар дар шимол ҳаракат кунанд. Ҳоло дар Туркия ба иловаи дигар гурӯҳҳои паноҳандагон 4 миллион муҳоҷири суриягӣ ва 300 ҳазор паноҳҷӯи афғон ба сар мебаранд. Юнон дар давраи бӯҳрони муҳоҷирати Аврупо дар хати аввал қарор дошт. Баъди соли 2016 шумори паноҳҷӯёне, ки тавассути Туркия мерасиданд, камтар шуд, чун Иттиҳоди Аврупо аз роҳи пешкаши миллиардҳо доллар ба Анкара ба созиш расид, ки Туркия шиддати муҳоҷиронро бозмедорад.


Эрдуғон ҳар сари чанд вақт аз  Иттиҳоди Аврупо шикоят карда мегӯяд, ки ин ниҳод созиш бо Туркияро пурра иҷро накардааст ва таҳдид мекунад, ки марзҳояшро барои ҳаракати муҳоҷирон ба Аврупо боз мекунад. Дар як суханронии телевизиониаш рӯзи 19-уми август Эрдуғон гуфт: «Туркия чунин рисолат, масъулият ваё ӯҳдадорие надорад, ки ба анбори паноҳандагони Аврупо табдил шавад”.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus