Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Исроил мегӯяд, коромадии ваксинаи "Пфайзер Бионтек" собит шуд

Вазорати тандурустии Исроил мегӯяд, таҳқиқот дар миёни мардуми ваксинагирифта аз коронавируси нав нишон додааст, ки ваксинаи Пфайзер Бионтек 99 дар сад аз бемории COVID-19 ва марг аз он пешгирӣ мекунад.


Исроил, ки дар ваксинзании мардумаш дар ҷаҳон пешсаф аст, пажуҳиши фарогире дар миёни мардум ваксина гирифта анҷом додааст. Вазорат дар ин бора рӯзи 21-уми феврал хабар дод. Дар Исроил, ки аҳолиаш 9 миллион нафар аст, тақрибан нисфи онҳо ваксинаи аввал ва 3 миллион нафари дигар ваксинаи дуввумро гирифтаанд.


Вазорати тандурустӣ гуфтааст, ваксина то 98.9 дар сад аз марг пешгирӣ мекунад ва онҳое, ки ваксинаи дуввумро гирифтаанд, тақрибан ба бемориҳои сахт гирифтор намешаванд. Бино ба гуфтаи вазорати тандурустии Исроил, таҳқиқот возеҳ нишон додааст, ки онҳое, ки ваксинаи дуввумро гирифтаанд, дар муқоиса ба афроди ваксина нагирифта аз сирояти коронавирус эмин мондаанд.


Натиҷаҳои таҳқиқоти озмоишгоҳӣ нишон дода буд, ки ваксинаи Пфайзер Бионтек хатари сирояти коронавируси навро 95 дар сад кам мекунад. Исроил қасд дорад, то моҳи март тамоми мардуми аз 16-сола болоро ваксина бизанад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus