Масъулини "Амонатбонк" гуфтанд, ки камбуди маблағҳо дар ин бонкро аудити дохилӣ маълум кард, на санҷиши Палатаи ҳисоб. Масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳафтаи гузашта гуфта буданд, ки дар пайи санҷиш ё аудити онҳо дар "Амонатбонк", беш аз 41 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.